Ноябр 05, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани даҳҳо ғайринизомии афғон дар ҳамалоти ҳавоии Амрико

Шӯрои вилоятии Қундуз дар шимоли Афғонистон эълом кард, ки дар ҳамалоти ҳавоии Амрико дар ин вилоят дастикам 55 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хушмуҳаммади Нусратёр, узви Шӯрои вилоятии Қундуз гуфт: Дар миёни қурбониёни ҳамлаи ҳавоии Амрико дар шаҳри Қундуз шуморе зану кӯдак ҳастанд .

Амрико барои фиреби афкори умумӣ, куштаҳои ин ҳамларо аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кардааст.

Амрико ҳудуди ду соли пеш ҳам як бемористони пизишкони бидуни марзро дар шаҳри Қундуз омоҷи ҳамалоти ҳавоии худ қарор дод, ки дар натиҷа ҳудуди 25 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд .

Бар асоси имзои паймони амниятии Амрикову Афғонистон, Вашингтон мутааҳҳид шуда буд, ки аз ҳамла ба манотиқи маскунии ин кишвар худдорӣ кунад, аммо на танҳо Вашингтон ба он пойбанд нест, балки ҳокимияти миллии Афғонистонро низ нақз мекунад.  

Шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ва намояндагони Маҷлиси Афғонистон борҳо таҷдиди назари паймони амниятии Кобул-Вашингтонро хостор шудаанд.

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико, хашми мардуми Афғонистонро барангехтааст .