Иттиҳомсозӣ зидди Эрон бо “чароғи сабз”-и Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25232-Иттиҳомсозӣ_зидди_Эрон_бо_чароғи_сабз_и_Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи сиёсатҳои зиддиэрониаш, дар иддаое беасос масъулияти шиллики мушак аз Яман ба Риёзро мутаваҷҷеҳи Эрон донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 06, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомсозӣ зидди Эрон бо “чароғи сабз”-и Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи сиёсатҳои зиддиэрониаш, дар иддаое беасос масъулияти шиллики мушак аз Яман ба Риёзро мутаваҷҷеҳи Эрон донист.

Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе аз раҳгирии як мушаки баллистик бар фарози Риёз хабар дод ва эълом кард, ки ин мушак аз самти Яман шиллик шудааст.

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон дар посух ба ин иддаои Амрико гуфт: “Душман аз ҳар фурсате барои иттиҳомзанӣ алайҳи Эрон истифода мекунад ва қатъан мо ин масъаларо рад мекунем”.

Ҷанги Яман табдил ба як ҷанги фарсоишӣ барои Арабистони Саудӣ шудааст. Ҷанге, ки рӯзона талафот ва хисороти молӣ ва ҷонии фаровоне барои ин кишвар ва шаҳрвандони ғайринизомии Яман ба ҳамроҳ дорад.

Амалиёти низомии Арабистон дар Яман 25-уми марти соли 2015 бо ҳамалоти густурдаи ҳавоии Арабистони Саудӣ таҳти номи “амалиёти тӯфони қотеият” оғоз шуд. Нигоҳе ба созмондеҳии ҷанг аз сӯйи Арабистон ва иҷрои “амалиёти тӯфони қотеият”, ки пас аз ҳамлаҳои 27 - рӯзаи умдатан ҳавоӣ, ба даргириҳои дарёӣ ва заминӣ низ кашида шуд, нишон медиҳад, ки барномарезони сиёсӣ ва стратегҳои низомии Арабистони Саудӣ бар ин бовар буданд, ки дар муддате кӯтоҳ ба ҳадафҳои худ дар Яман ноил хоҳанд шуд, аммо ин гуна нашуд.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоле Эронро ба мудохила ва монеътарошӣ дар Яман муттаҳам мекунад, ки сиёсатҳои Риёз – Вашингтон дар Сурия ва Яман бо шикаст рӯбарӯ шудааст ва бо ҳадафи сарпӯш гузоштан бар ин шикастҳо, иттиҳомҳоеро ҳар аз гоҳе зидди Эрон матраҳ мекунад.

Сайидҳусайни Мусавиён, дипломати пешини Эрон дар мизи гирди телевизиони Чин дар бораи таҷовузи Арабистон ба Яман, Амрикоро шарики ҷурми Арабистон дар ҷароими ҷангӣ ва таҷовузот ба Яман донист ва гуфт: “ҷанг  амният намеоварад ва натиҷаи ҳамлаи Риёз ба Яман, ноамнӣ барои Арабистон дар солҳои оянда хоҳад буд”.

Амрикоиҳо баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум сиёсатҳое дар пеш гирифтанд, ки мутобиқи аснод ва гузоришҳои мунташира ба кушта шудани миллионҳо инсон мунҷар гардид. Ҷангҳои мустақим ва ғайримустақими Амрико дар Ветнам, Афғонистон, Индонезия, Покистон, Судон, Ироқ ва кишварҳои дигар ҷони миллионҳо нафарро гирифт. Эрон низ яке аз қурбониёни ҳамин ҷангҳо будааст.

 Профессор  Чарлз Чемитз, устоди донишгоҳи Тоусони Амрико ва коршиноси масоили Ховари Миёна ва Яман дар Муассисаи Ховари Миёна дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр” дар заминаи нақши Амрико дар ҷанги Яман мегӯяд: “Нақши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷанги Яман бисёр пурранг аст. Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба таври мустақим аз тариқи эътилофи мубориза бо Алқоида ва ба таври ғайримустақим аз тариқи ҳимоят аз Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман дахолат мекунад”.

Амрико на танҳо худ масъули мустақими куштори инсонҳост, балки аз ҷиноёти режимҳои кӯдаккуш, аз ҷумла Арабистон ва Исроил низ дар Фаластин ва Яман ҳимоят кардааст.

Он чӣ дар изҳороти саросар дурӯғи Трамп ба Эрон нисбат дода шуда, дар воқеъ тасвире аз корномаи чандсолаи Амрико дар Арабистон аст. Аммо мақомҳои Вашингтон ба ҷойи посухгӯ будан дар бораи амалкарди худ саъй доранд Эронро масъули вазъияти кунунии минтақа нишон диҳанд ва бо ин иддаосозӣ мақомҳои Арабистонро ба идомаи сиёсати Эронҳаросӣ ташвиқ мекунанд.