Дархости сенаторҳои амрикоӣ барои маҳдудияти ҳамли силоҳ
(last modified Mon, 06 Nov 2017 12:20:12 GMT )
Ноябр 06, 2017 17:20 Asia/Dushanbe
  • Дархости сенаторҳои амрикоӣ барои маҳдудияти ҳамли силоҳ

Пас аз тирандозии маргбори калисои Техас, шуморе аз сенаторҳои аршади Конгресси Амрико тасвиби маҳдудияти ҳамли силоҳ дар ин кишварро хостор шуданд.

Ин сенаторҳои демократ ҳамчунин аз Конгресси Амрико хостанд, ки ба ҳодисаи тирандозии ахири калисои Техас вокуниш нишон диҳад .

Бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи якшанбе дар калисое дар Техас, дастикам 27 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд .

Қонуни асосии Амрико, ҳаққи нигаҳдорӣ ва ҳамли силоҳро ба мардуми ин кишвар додааст .

Дастикам 30 дарсад аз мардуми Амрико мусаллаҳ ҳастанд ва ҳудуди ниме аз ҳамаи аслиҳаҳои ғайринизомии ҷаҳон дар Амрико нигаҳдорӣ мешавад .

Бархилофи мухолифати бисёре аз мардуми Амрико бо озодии ҳамли силоҳ, Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ҳомии сарсахти ҳифзи ҳаққи нигаҳдории силоҳ барои амрикои‌ҳост .

Ин дар ҳолест, ки тирандозӣ ва хушунатҳои мусаллаҳона, ҳар сол мунҷар ба марги ҳазорон амрикоӣ мешавад .