Соли 2017, гармтарин соли сабтшудаи хориҷ аз падидаи Ел Нино аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25235-Соли_2017_гармтарин_соли_сабтшудаи_хориҷ_аз_падидаи_Ел_Нино_аст
Бар асоси эъломи Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, 2017 гармтарин соли сабтшудаи хориҷ аз падидаи Ел Нино аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 06, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Соли 2017, гармтарин соли сабтшудаи хориҷ аз падидаи Ел Нино аст

Бар асоси эъломи Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, 2017 гармтарин соли сабтшудаи хориҷ аз падидаи Ел Нино аст.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, ин гузоришро Созмони милали муттаҳид ба муносибати бисту сеюмин Конфронси обу ҳавоӣ дар Бонни Олмон мунташир кард.  

Падидаи Ел Нино яке аз чархаҳои машҳури обу ҳавоии ҷаҳон аст, ки таи се то ҳафт сол рӯй медиҳад ва боиси эҷоди ноҳанҷориҳои бузурге дар обу ҳавои саросари кураи замин мешавад .

Аз ҷумлаи ин ноҳанҷориҳо метавон ба обхезиҳои ногаҳонӣ, хушксолӣ ва қаҳтӣ ишора кард .

Ел Нино ба таври сода иборат аст, аз як рухдоди иқлимии калон, ки бар асари озод шудани энержии анбошташуда дар бузургтарин ҳавзаи уқёнусии ҷаҳон яъне ҷануби Уқёнуси ором рух медиҳад .