Ташдиди иқдомоти Исроил барои тахриби Масҷид-ул-ақсо
(last modified Wed, 17 Aug 2016 15:17:54 GMT )
Август 17, 2016 20:17 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди иқдомоти Исроил барои тахриби Масҷид-ул-ақсо

Манбаъҳои хабарӣ аз ҳаффориҳои ҷадиди режими саҳюнистӣ дар саҳни Масҷид-ул-ақсо парда бардоштанд.

Маркази расонаии Қудс ва Масҷид-ул-ақсо рӯзи сешанбе дар гузорише бо ифшои ҳаффориҳои ҷадиди режими саҳюнистӣ дар минтақаи Водии Ҳилва эълом кард, ин ҳаффориҳо аз сӯйи кумитае мавсум ба осори бостонии Исроил ва бо ҳимояти созмони саҳюнистии "ал-Од" дар умқи чаҳорметрӣ, дар минтақае бо паҳнои 250 метри мураббаъ анҷом мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки шаҳракнишинони саҳюнист низ бори дигар бо ҳимоят ва пуштибонии низомиёни ин режим ба Масҷид-ул-ақсо ҳамла карданд ва бо фаластиниҳо даргир шуданд. Ду шабакаи телевизионии режими саҳюнистӣ низ дар ростои фазосозӣ ҷиҳати пайгирии сиёсатҳои вайронгаронаи худ дар Қудс аз тарҳи сесолаи созмонҳои саҳюнистӣ барои тахриби Масҷид-ул-ақсо ва сохти биное мавсум ба "Маъбади Сулаймон" хабар дод.

Режими саҳюнистӣ аз ибтидои ишғоли сарзамини Фаластин бо аз байн бурдани осору маконҳои исломӣ ба унвони шохиси аслии сарзамини Фаластин, ки аслитарин меъёри ҳувияти ин манотиқ маҳсуб мешавад, дар садад будааст, сиёсатҳои худро дар хусуси чеҳраи саҳюнистӣ додан ба манотиқи фаластинӣ ҷиҳати султаи бештар бар ин манотиқ пеш барад. Дар ин чорчӯб Масҷид-ул-ақсо ба унвони нишони аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии шаҳри Байт-ул-муқаддас ҳамвора ҳадафи иқдомоти вайронкоронаи режими саҳюнистӣ қарор доштааст. Хусумати режими саҳюнистӣ бо Масҷид-ул-ақсоро, ки макони муқаддас барои тамоми адён илоҳист, метавон дар иқдоми омехта бо найранги чанде пеши ин режим дар чопи нақшаҳое аз Байт-ул-муқаддас мушоҳида кард, ки дар он нақшаҳо асаре аз Масҷид-ул-ақсо набуд. Гуфтанист, дар тасвирҳое, ки аз Байт-ул-муқаддас дар намоишгоҳҳои акси режими саҳюнистӣ ба намоиш гузошта мешавад, асаре аз Масҷид-ул-ақсо дида намешавад ва ё бар рӯйи тасвирҳои марбут ба Масҷид-ул-ақсо дар аксҳо ранги сафеде кашида мешавад. Дар бархе аз тасовири ба чопрасида дар хусуси Байт-ул-муқаддас тавассути саҳюнистҳо низ ба ҷойи Масҷид-ул-ақсо як маъбади яҳудӣ омадааст .

Ташдиди фазосозиҳои режими саҳюнистӣ ҷиҳати тахриби Масҷид-ул-ақсо дар ҳолест, ки мақомоту аҳзоби мухталифи ин режим низ бо густохӣ ба таблиғи густардаи сиёсату ҳадафҳои харобкоронаи худ алайҳи Масҷид-ул-ақсо машғуланд. Дар ин замина ҳатто ҳизбе мавсум ба "Хонаи яҳудӣ"-и режими саҳюнистӣ хостори мунфаҷир кардани Масҷид-ул-ақсо шудааст. Ин масоил нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо ба таври ҳамоҳанг муддати зиёд  аст, ки барои тахриби Масҷид-ул-ақсо барномарезӣ доштаанд.

Режими саҳюнистӣ бо найрангҳои мухталиф дар садад аст, ки бо таҳрифи ҳақиқат ва баръакс ҷилва додани воқеияти тамаъҳои худ дар қиболи манотиқи фаластинӣ, бавижа Байт-ул-муқаддас ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонад, ки ҳақ аст. Режими саҳюнистӣ бо ташдиди иқдомоти саркӯбгароёна ва тавсеаталабона дар Қудс дар садади ихроҷи ҳамаи фаластиниён аз ин шаҳр аст. Ин дар ҳолест, ки бинобар қатъномаҳои 242 ва 338-и Созмони Милал ва Конвенсиюни чаҳоруми Женева, режими саҳюнистӣ ҳуқуқ ба ҳар гуна дахлу тасарруф дар манотиқи ишғолии Фаластин надоштааст. Тарҳҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои тасбити ишғолгарии ин режим ҷиҳати султаи комил бар Қудс бар хилофи Қатъномаи 478-и Шӯрои амнияти Созмон Милал аст, ки босароҳат аз ҷаҳониён мехоҳад, ҳар гуна иқдоми режими саҳюнистиро дар хусуси идомаи ишғолгарию таҷовузу пайвастани Қудсро ба Фаластини ишғолӣ ба расмият нашносанд ва бо он муқобила кунанд.