Ҳушдор дар бораи паёмадҳои хатарноки радди БарҶом
Вазири умури хориҷаи пешини Амрико ҳушдор дод, радди Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) аз тарафи Амрико авоқиби хатарноке хоҳад дошт.
Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи пешини Амрико, ки рӯзи душанбе, 6-уми ноябр ҳамроҳ бо Кетрин Эштон, масъули пешини сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар андешакадаи ҷаҳонии “Chatham House” дар Лондон сухан мегуфт, изҳор дошт, мунтақидони БарҶом ва шахси Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико БарҶомро нақз кардаанд.
Керри ба унвони яке аз касоне, ки дар музокироти БарҶом нақши асосӣ дошт, афзуд, БарҶом тавофуқе аст, ки бар асоси сохтори мавҷуди худаш ҳифз мешавад ва худдории Трамп аз таъйид накардани пойбандии Эрон ба БарҶом, бетаваҷҷуҳӣ ба воқеиятҳои ин тавофуқ аст.
Вазири умури хориҷаи пешини Амрико гуфт, наметавон сухан аз рӯҳи БарҶом ба миён овард ва набояд мавзӯҳои мухталифро бо ҳам махлут кард. БарҶом мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро мадди назар дорад ва мавзӯҳое чун барномаи мушакии ин кишвар мавзӯҳои ҷудогонаи дигаре ҳастанд, ки бояд дар мавридашон ҷудогона тасмимгирӣ шавад ва набояд онҳоро бо БарҶом даромехт.
Керри ҳамчунин бо интиқод аз тасмимҳои Конгресси Амрико дар бораи БарҶом гуфт, тасмимҳои конгресс ва эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон авоқиби ҷиддӣ дорад.
Вазири умури хориҷаи пешини Амрико бо баёни ин ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун ҳашт бор пойбандии Эронро ба БарҶом таъйид кардааст, бори дигар таъкид кард, ки БарҶом Эронро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ боз медорад.
Кетрин Эштон, масъули пешини сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам дар андешакадаи “Chatham House” дар Лондон, ба Конгресси Амрико ҳушдор дод, агар БарҶомро тайид накунад, бад-ин маъно аст, ки ин кишвар ба тавофуқҳои байналмилалӣ пойбанд нест.
Эштон гуфт, Конгресси Амрико бояд ба БарҶом нигоҳ кунаду бибинад оё мутобиқ бо он чӣ бояд анҷом диҳад, амал мекунад?
Пеш аз ин ҳам беш аз 90 донишманду пажӯҳишгари саршиноси амрикоӣ дар ҳавзаи ҳастаӣ, аз ҷумла як тарроҳи бомбаи ҳидрогенӣ бо интишори номае боз аз тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) ҳимоят карданд ва аз Конгресси Амрико хостанд то бо вуҷуди иттиҳомзаниҳои Трамп, Амрико ба ин тавофуқ пойбанд бимонад.
Ин донишмандону коршиносон дар номаи худ хитоб ба ҳайати раисаи Сенату Маҷлиси намояндагони Амрико, бар “масъулияти хатир”-и Конгресси Амрико таъкид кардаву дар истидлоли худ овардаанд, ки ин тавофуқ масири Эронро барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ бастааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар суханронии 13-уми октябр ба шиддат ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тохт ва онро яке аз бадтарин тавофуқҳои таърихи Амрико хонд. Вай гуфт, тавофуқи ҳастаӣ фурсате барои Эрон муҳайё кард то фишори бархоста аз таҳримҳоро кам кунад.
Трамп албатта, ба идомаи тавофуқи БарҶом тан дод, аммо таҳдид кард, ки пойбандии Эрон ба БарҶомро таъйид нахоҳад кард ва Конгресс бояд дар бораи рӯйкардҳои баъдӣ дар қиболи Эрон тасмим бигирад.