Кремл: Эҳтимоли дидори Путин бо Трамп дар Ветнам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25259-Кремл_Эҳтимоли_дидори_Путин_бо_Трамп_дар_Ветнам
Рӯзи сешанбе Кремл эълом кард, фурсатҳое барои музокироти Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Русия ва Амрико дар нишасте дар Ветнам вуҷуд дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2017 13:34 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Эҳтимоли дидори Путин бо Трамп дар Ветнам

Рӯзи сешанбе Кремл эълом кард, фурсатҳое барои музокироти Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои Русия ва Амрико дар нишасте дар Ветнам вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Кремл ҳамчунин эълом кард, ҷузъиёти нишасти Трампу Путин дар Ветнам ҳамчунон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сеюми ноябр сафари 12-рӯзаи худро ба панҷ кишвари осиёӣ оғоз кард.