Эътирози мусалмонон ба қонуни манъи пӯшондани сурат дар Канада
(last modified Wed, 08 Nov 2017 09:22:59 GMT )
Ноябр 08, 2017 14:22 Asia/Dushanbe
  • Эътирози мусалмонон ба қонуни манъи пӯшондани сурат дар Канада

Мусалмонон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи маданӣ бо вокуниш ба тасмими мақомоти иёлати Квебеки Канада дар мавриди мамнуияти пӯшонидани сурат барои ҳамаи кормандони бахши умумии ин иёлат, онро ноқизи ҳуқуқи занону ҳуқуқи динии мусалмонон донистанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Монтреал, Анҷумани озодиҳои мадании Канада ва Шӯрои миллии мусалмонони Канада аз Додгоҳи олии Квебек хостанд, дар робита бо мутобиқати қонуне, ки моҳи қабл ба тасвиб расид, бо Қонуни асосии Канада эъломи назар кунад.

 Онҳо ҳамчунин хостори таваққуфи иҷрои ин қонун шуданд.

Ин қонун ҳамаи кормандон, афсарони полис, муаллимону ронандагони автобус ва ҳамчунин пизишкон, момоҳову дандонпизишкони шоғил дар бемористонҳову марокизи дармонии давлатиро дарбар мегирад.

Давлат ҳадаф аз қабули ин қонунро беҳбуди иртиботот, шиносоӣ ва амнияти афрод эълом ва таъкид кардааст, ин қонун ба тамоми анвои пӯшишҳои сурат итлоқ мешавад ва танҳо занони мусалмонро шомил намешавад.

Мунтақидон бар ин боваранд, ин қонун бо маҳдуд кардани дастрасии занони мусалмон ба машоғилу хадамоти давлатӣ, муҷиби инзивои онон мешавад.