Ноябр 10, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Баргузори маросими “Арбаини ҳусайнӣ” дар нуқоти мухталифи Аврупо

Маросими “Арбаин”-и сарвару солори шаҳидон, ҳазрати Абоабудуллоҳ Ҳусейн (а) шоми панҷшанбе дар Бритониё, Украина, Белорусия, Словения ва Русия баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, маросими сӯгвории “Арбаини ҳусайнӣ” шаби панҷшанбе бо ҳузури густурдаи ҳамватанони эронию дигар шиаёни муқими Лондон дар Маркази исломии Англия баргузор шуд. Маросими “Арбаин”-и сарвару солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусейн (а) дар маҳалли ҳусайнияи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Украина низ баргузор шуд, ки дар он сафирони Эрону Ироқ дар Украина ва эрониёни муқими ин кишвар ҳузур доштанд. Шиаёни муқими Белорусия ва дӯстдорони аҳли байт (а) ҳам бо баргузории маросими бошукӯҳе дар “Арбаин”-и солори шаҳидон сӯгворӣ карданд. Ҳамчунин дар “Арбаини ҳусайнӣ” (а) донишҷӯёну эрониёни муқими Словения ба сӯг нишаста, бо ҳузур дар ин маросим муҳаббату иродати худро ба Имом Ҳусейн (а) ва хонадони аҳли байт (а) ба намоиш гузоштанд. Дар Маскав, пойтахти Русия ҳам сӯгвории “Арбаини ҳусайнӣ” бо ҳузури шумори зиёде аз мусалмонони кишварҳои мухталиф, бавижа Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.