Вокуниши Маскав ба иқдоми Амрико дар бораи шабакаи "Раша тудэй"
(last modified Fri, 10 Nov 2017 13:51:53 GMT )
Ноябр 10, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба иқдоми Амрико дар бораи шабакаи

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Маскав дар баробари маҳдудиятҳои Амрико алайҳи "Раша тудэй" вокуниши амалӣ нишон медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия афзуд, Маскав дар муқобили маҳдудитҳое, ки Вашингтон дар хусуси фаъолияти расонаҳои Русия дар Амрико эъмол кардааст, вокуниш нишон медиҳад, ки ин иқдомоти ҷавобии Русия дар ҳафтаи оянда шурӯъ хоҳад шуд.

Вазорати адлияи Амрико чанд рӯз пеш аз шабакаи телевизионии «Раша тудэй»-и Русия хоста буд, то қабл аз 13-уми ноябр барои сабт шудани номи ин шабакаи телевизионӣ ба унвони як ниҳоди хориҷӣ иқдом кунад ва агар аз анҷоми ин кор худдорӣ кунад, ҳисобҳои бонкии шабакаи телевизионии “Раша тудэй” дар Амрико масдуд хоҳад шуд. Ин иқдоми Вазорати адлияи Амрико хашми масъулони русро барангехтааст.