Боздошти ҷаллоди ДИИШ дар Туркия
Расонаҳои Туркия аз боздошти Абдулхолиқ Абдулқодир, яке аз ҷаллодони гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Кайсерии ин кишвар хабар доданд.
Рӯзномаи “Ҳуррият”-и Туркия бо интишори аксе аз Абдулхолиқ Абдулқодир навишт, ӯ узви гурӯҳи террористии ДИИШ ва аз ҷаллодони саршиноси ин гурӯҳ аст, ки бародараш Абдулқодир Абдураҳмонро ба далели сарпечӣ аз фармонҳои ДИИШ ба қатл расонда, тасовирашро ҳам барои таблиғи ДИИШ дар фазои маҷозӣ мунташир кард. Расонаҳои Туркия ҳамчунин аз боздошти беш аз сад нафар бо гумони иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Анкара, пойтахти ин кишвар хабар доданд.
Боздошти аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Туркия дар ҳолест, ки давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин кишвар роҳбурди дугона дар қиболи терроризм дорад ва Ҳукумати Туркия бо ҳамкорӣ бо ҳампаймонони ғарбии худ ва бо ҳимоят аз террористҳо дар саркӯбу куштори мардуму нерӯҳои Ироқу Сурия мушорикат дорад.