Таклифи варзишкорони рус барои ширкат дар паролимпики зимистонӣ мушаххас мешавад
Таклифи варзишкорони рус барои ширкат дар паролимпики зимистонии Пюнгчонг (Пхёнчха́н) то поёни соли мелодӣ (10-уми дай) мушаххас мешавад.
Ба гузориши сайти Кумитаи Миллии Паролампик, Эндрю Парсонс, раиси Кумитаи байналмилалии Паролампик дар сафар ба Порис эълом кард, коргурӯҳи ин кумита дар моҳи декабр мулоқоте бо Ожонси ҷаҳонии зидди допинг хоҳад дошт ва дар ин бора тасмимгирӣ хоҳад шуд.
Парсонс гуфт, то замоне, ки натиҷа берун наёяд, наметавонад дар ин хусус гумоназанӣ кунад.
Варзишкорони Русия аз бозиҳои олимпӣ ва паролимпии соли гузашта дар Рио- де - Жанейро аз ҳузур дар майдонҳои варзишӣ манъ шудаанд.
Иллати ин амр допинги созмонёфта ва таҳти ҳимояти давлати Русия эълом шудааст.
Бозиҳои паролимпики зимистонии Пюнгчонг аз 9 то 25-уми феврал бо ҳузури 6500 варзишкор аз 95 кишвари ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.