10 сол ҳабс ба ҷурми бадрафторӣ бо сарбозони мусулмон дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25366-10_сол_ҳабс_ба_ҷурми_бадрафторӣ_бо_сарбозони_мусулмон_дар_Амрико
Расонаҳои амрикоӣ эълом карданд, як мураббии туфангдорони дарёии ин кишвар ба иттиҳоми бадрафторӣ бо беш аз 10 сарбози мусулмон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2017 17:33 Asia/Dushanbe
  • 10 сол ҳабс ба ҷурми бадрафторӣ бо сарбозони мусулмон дар Амрико

Расонаҳои амрикоӣ эълом карданд, як мураббии туфангдорони дарёии ин кишвар ба иттиҳоми бадрафторӣ бо беш аз 10 сарбози мусулмон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Ҷозеф Феликс, гурӯҳбони тӯпхона дар бораи бадрафторӣ бо сарбозон ҳангоми омӯзиш дар пойгоҳи низомии “Пэрис Хилтон” дар Каролинаи Ҷанубӣ, ҷанубу шарқи Амрико, муҷрим шинохта шуд.

Ҳайати мунсифаи низомӣ эълом кард, Ҷозеф Феликс, кӯҳна сарбози ҷанги Ироқ, дар миёни шаш мураббии низомӣ, ки дар озору азияти ин сарбозон даст доштанд, бештарин масъулиятро доштааст.

Ду нафар аз сарбозоне, ки мавриди озору  азият қарор гирифтаанд, маҷбӯр шуда буданд дохили дастгоҳи либос хушккуни санъатӣ бираванд ва дар як маврид, ҳангоме, ки қабул накарданд дини худро инкор кунанд, дастгоҳ равшан шуд.

Иқдомоти табъизомези зидди мусулмонон, илова бар маҳофили умумӣ ва амокини тиҷорӣ, дар артиши Амрико низ дар солҳои ахир ташдид шудааст.

Мусулмонон ҳатто барои анҷоми фароизи динии худ дар бисёре аз амокини умумӣ дар Амрико бо мушкил ва ҳамчунин бо ҳамалоти исломситезона рӯ барӯ мешаванд.