Гутерреш: Су Чӣ иҷозаи бозгашти мусулмононро ба Мянмар бидиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25439-Гутерреш_Су_Чӣ_иҷозаи_бозгашти_мусулмононро_ба_Мянмар_бидиҳад
Дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз раиси ҳизби ҳоким дар Мянмар хост, заминаи бозгашти садҳо ҳазор овораи роҳингияиро ба ин кишвар фароҳам кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • Гутерреш: Су Чӣ иҷозаи бозгашти мусулмононро ба Мянмар бидиҳад

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз раиси ҳизби ҳоким дар Мянмар хост, заминаи бозгашти садҳо ҳазор овораи роҳингияиро ба ин кишвар фароҳам кунад.

Антониу Гутерреш дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои минтақаӣ дар Филиппин, бо Аунг Сан Су Чӣ, раиси ҳизби ҳокими Мянмар дидор кард ва хостори он шуд, то ин кишвар ба ақаллияти мусулмони Роҳингия иҷозаи бозгашт ба кишварро бидиҳад.

Созмони милали муттаҳид бо интишори баёнияе эълом кард, дабири кулли ин созмон дар дидор бо Су Чӣ бар зарурати гушуда шудани роҳи ирсоли кумакҳои башардӯстона, бозгашти довталабона, доимӣ ва амни оворагон ва ҳамчунин оштии воқеӣ миёни қавмиятҳо дар Мянмар таъкид кард.  

Су Чӣ, ки яке аз барандагони солҳои гузаштаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба шумор меояд, ба далели парҳез аз дифоъ аз ҳуқуқи ақаллияти мусулмони Мянмар мавриди интиқоди шадиди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар қарор дорад .

Гутерреш, ки барои ширкат дар Нишасти сарони АСЕАН дар Манила, пойтахти Филиппин ҳузур дорад, бомдоди сешанбе таъкид кард, буҳрони Мянмар ба бесуботии минтақа мунҷар хоҳад шуд .

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид ҷумъа шаб низ он чиро дар Мянмар рӯй медиҳад, фоҷеаи азими инсонӣ хонд .