Ноябр 16, 2017 17:42 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ду доруи ҷадиди муассир барои дармони саратони пистон

Ду доруи ҷадид ва муассир дар ба таъхир андохтани саратони пешрафтаи сина дар Англия, мавриди таъйид қарор гирифт.

Ба гузориши рӯзномаи англисии “Daily Telegraph”, ин ду доруи ҷадид дастикам даҳ моҳ пешрафти саратони синаро мутаваққиф мекунанд.

Ин иқдом ба беш аз ҳашт ҳазор зани мубтало ба саратони пешрафтаи пистон умеди тозае медиҳад чаро, ки муҳиммтарин муваффақият дар ду даҳаи гузашта барои ин беморон аст.

Муассисаи миллии саломат ва муроқибатҳои пешрафта, ахиран эълом кард, ду доруи “Palbociclib” ва “Ribociclib” барои истифодаи густурда дар хадамоти дармонӣ дар Англия таъйид шудааст.