Ноябр 16, 2017 18:03 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 18 нафар бар асари таркиши бомб дар Кобул

Бар асари инфиҷори бомб дар наздикии меҳмонхонаи "Қасри Навин"-и Кобул пойтахти Афғонистон, 18 нафар кушта шуданд.

Бар асари ин инфиҷор, ки имрӯз (панҷшанбе) дар наздики маҳалли меҳмонхонаи "Қасри Навин" дар ҷамъи ҳаводорони Атомуҳаммади Нур, устондори Балхи Афғонистон дар Кобул сурат гирифт, шумори зиёде маҷрӯҳ шуданд.

Манобеи амниятии афғон аз афзоиши эҳтимоли шумори куштаҳои ин инфиҷор хабар медиҳанд.

Гурӯҳи такфирӣ ваҳобии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Хабаргузории “Аъмоқ”, ки хабаргузории расмии гурӯҳи ДИИШ ба шумор меравад, ин мавзуъро дар ҳоле эълом кард, ки ҳеҷ мадраке дар ин хусус ироа накардааст.

Дар баёнияи мунташир шуда аз сӯи ин хабаргузорӣ омадааст: "як омили интиҳории ДИИШ, камарбанди интиҳории худро дар нишасти аъзои гурӯҳи «Ҷамоати исломӣ» дар маркази шаҳри Кобул мунфаҷир кард".