Ноябр 16, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон

Дафтари ҷиноят ва маводи мухаддири СММ ва вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон дар гузорише, аз афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, бар асоси ин гузориш, тавлиди маводи мухаддир дар соли ҷорӣ дар ин кишвар нисбат ба соли гузашта (2016), 87 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш нишон медиҳад, ки дар соли ҷории милодӣ ҳудуди 9 ҳазор тон маводи мухаддир дар Афғонистон тавлид шудааст, дар ҳоле, ки ин рақам дар соли 2016 чаҳор ҳазор тон эълом шуда буд.

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон низ эълом кард, беш аз се миллион нафар аз мардуми ин кишвар мӯътод ба маводи мухаддир ҳастанд.

Амрикао ва Англия дар 16 соли гузашта бо ҳузури низомӣ дар Афғонистон, нақши ошкоре дар афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар доранд.