Кремлин: 60 таҳдиди телефонӣ алайҳи Путин сурат гирифтааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25519-Кремлин_60_таҳдиди_телефонӣ_алайҳи_Путин_сурат_гирифтааст
Сухангуи кохи Кремлин эълом кард: Рӯзи ҷумъа ҳудуди 60 таҳдиди телефонӣ алайҳи раисҷумҳури Русия сурат гирифтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 18, 2017 12:09 Asia/Dushanbe
  • Кремлин: 60 таҳдиди телефонӣ алайҳи Путин сурат гирифтааст

Сухангуи кохи Кремлин эълом кард: Рӯзи ҷумъа ҳудуди 60 таҳдиди телефонӣ алайҳи раисҷумҳури Русия сурат гирифтааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Дмитрий Песков гуфт: Дар ин тамосҳо, афроди ношинос эълом карда буданд, дар масири ҳаракати мошини Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар шаҳри Санкт Петербург бомбгузорӣ сурат гирифтааст .

Сухангуи Кремлин афзуд: Тамоми ин таҳдидҳо баррасӣ ва мушаххас шуд, дуруғ будааст.

Таҳдидҳои телефонии террористӣ дар Русия, ки аз авоили моҳи сентябри гузашта оғоз шуда, токунун сабаби тахлияи беш аз 700 ҳазор нафар аз амокин ва сохтмонҳои умумии ин кишвар шудааст .

Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, таҳдидҳои телефонӣ аз хориҷи кишвар анҷом ме‌гирад ва аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин таҳдидҳо нақш доранд .