Ҳушдор дар бораи нақши рӯзафзуни террористҳои зан
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25520-Ҳушдор_дар_бораи_нақши_рӯзафзуни_террористҳои_зан
Дастгоҳи иттилоотии Ҳолланд нисбат ба нақши фазоянда ва таҳдиди рӯзафзуни занони террористи вобаста ба ДИИШ ҳушдор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 18, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи нақши рӯзафзуни террористҳои зан

Дастгоҳи иттилоотии Ҳолланд нисбат ба нақши фазоянда ва таҳдиди рӯзафзуни занони террористи вобаста ба ДИИШ ҳушдор дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, дастгоҳи иттилоотии Ҳолланд дар баёнияе эълом кард, пас аз таҳаммули талафоти зиёди ДИИШ дар Ироқу Сурия, нақши занони вобаста ба ДИИШ дар иҷрои амалиётҳои террористӣ пуррангтар шуд .

Бино ба гузоришҳои расмии Ожонсии миллии мубориза бо терроризми Ҳолланд, дастикам 280 нафар, ки як сеюми онро занон ташкил медиҳанд, дар солҳои ахир Ҳолландро ба мақсади Ироқу Сурия тарк карданд.