Ноябр 20, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти раиси Маҷлиси Индонезия ба иттиҳоми фасоди молӣ

Раиси Маҷлиси Индонезия дар иртибот бо таҳқиқоти Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар боздошт шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Setya Novanto дар ҳоле, ки либоси норинҷиранги махсуси боздоштшудагон тавассути комиссияи решакании фасод дар Индонезияро ба тан дошт, шомгоҳи якшанбе аз бемористон ба як боздоштгоҳи вижаи дар Ҷакарта мунтақил шуд.

Вай яке аз баландпоятарин сиёсатмадорони индонезиёӣ аст, ки ба дастури Комиссияи мустақили мубориза бо фасод дар ин кишвар боздошт мешавад.

Иттиҳоми ӯ, нақш доштан дар зиёни 170 миллион долларӣ ба Индонезия дар парвандаи судур икорти ҳувияти миллии электронии ин кишвар аст.

Дастури боздошти вай ҷумъашаб содир шуда буд, вале иҷрои он ба иллати бистарӣ шудани ӯ дар бемористон ба иллати осебдидагӣ дар тасодуфи ронандагӣ ба таъхир афтода буд.

Nouvanto ҳар гуна тахаллуфро такзиб карда ва ба эҳзорияҳои мутааддиди Кумитаи мубориза бо фасод низ барои бозҷӯӣ посух надодааст.

Гуфта мешавад, маболиғе байн панҷ ҳазор то панҷуним миллион доллар дар қолаби тарҳи судури корти ҳувияти миллии электиронӣ дар Индонезия, миёни намояндагон дар парлумон тақсим шудааст.