Маҳдудиятҳои ҷадиди Фаронса барои баргузории намози ҷумъа дар Порис
Жерар Коллон, вазири дохилаи Фаронса гуфт, баргузории намози ҷумъаро дар бахши Клиши дар шимолу ғарби Порис мамнуъ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, бо баста шудани масҷиди машҳури бахш Клиши аз апрели соли 2017, мусулмонони ин минтақа ба нишонаи эътироз намози ҷумъаро дар хиёбон баргузор мекунанд.
Намозгузорони фаронсавӣ мегӯянд, давлат замини муносиберо барои сохти масҷиди ҷадид дар ихтиёри онон нагузошта ва бо вуҷуди таъйиди зарурати ин иқдом, токунун коре барои он накардааст.
Як анҷумани мусулмонони Порис эълом кардааст, ки ҷумъаи баъд намозро дар маркази шаҳр баргузор хоҳанд кард.
Пештар низ 100 нафар аз сиёсатмадорон фаронсавӣ барои ҷилавгирӣ аз баргузории намоз дар хиёбон, рӯзи ҷумъа 11 ноябр дар маҳалли барпоии намози ҷумъа таҷаммӯъ карда ва суруди миллии Фаронсаро бо садои баланд хонданд.
Тарвиҷи падидаи исломҳаросӣ дар кишварҳои ғарбӣ, мӯҷиби дар тангно қарор гирифтани мусулмонон дар ин кишварҳо шудааст.