Исрори Трамп бар деворкашӣ дар марзи Амрико бо Мексика
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25595-Исрори_Трамп_бар_деворкашӣ_дар_марзи_Амрико_бо_Мексика
Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунон бар сохти девор дар марзи ин кишвар бо Мексика, пофишорӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 20, 2017 12:00 Asia/Dushanbe
  • Исрори Трамп бар деворкашӣ дар марзи Амрико бо Мексика

Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунон бар сохти девор дар марзи ин кишвар бо Мексика, пофишорӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани яке аз марзбонони ин кишвар дар марз бо Мексика дар ҳисоби “Твиттер”-и худ навишт, кушта шудани як маъмури гаштӣ дар марзҳои ҷанубӣ садамаи бади дигаре буд.

Трамп афзудааст, омилони ин иқдом бояд муҳокима шаванд ва барои ҷилавгирӣ аз идомаи ин масъала бояд, девори амниятӣ эҷод кард.

Трамп чӣ дар рақобатҳои интихоботӣ ва чӣ пас аз роҳёбӣ ба Кохи Сафед, дар чорчӯби сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии худ, ҳамвора бар сохти девор дар тӯли марз бо Мексика исрор дошта ва гуфтааст, Мексикаро маҷбӯр хоҳад кард худаш ҳазинаи сохти деворро бипардозад.

Раисиҷумҳури Амрико аз Конгресси ин кишвар хоста, буҷаеро барои сохти девор ихтисос диҳад ва сипас аз Мексика бихоҳад ин пулро ба Амрико бозгардонад.

Мақомоти Мексика борҳо таъкид кардаанд, ки ин кишвар таҳт ҳеҷ шароите ҳазинаи сохти деворро пардохт нахоҳад кард.

Коршиносони амрикоӣ ҳазинаи сохти ин деворро 38 миллиард доллар баровард кардаанд.