Кушта шудани 50 намозгузор дар инфиҷори интиҳорӣ дар Нигерия
(last modified Tue, 21 Nov 2017 12:36:11 GMT )
Ноябр 21, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 50 намозгузор дар инфиҷори интиҳорӣ дар Нигерия

Пулиси Нигерия аз ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиде дар шимолу шарқи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Усмон Абубакр, сухангӯи пулиси Нигерия дар иёлати Адамав рӯзи сешанбе эълом кард, 50 ғайринизомӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ ба як масҷид дар минтақаи Дазалаи шаҳри Муби дар иёлати Адамав кушта шуданд. Ҳаруна Фуро, раиси бахши мудирияти буҳрони Адамав ва Мӯсо Ҳамад Белло, раиси ҳукумати маҳаллии Муби гуфтаанд, ин ҳодиса дар замони баргузории намози ҷамоати субҳи имрӯз рух додааст. Сухангӯи пулиси иёлати Адамав гурӯҳи террористии Бокуҳаромро масъули ин ҳамла донист.

Аз замони озодсозии шаҳри Муби аз ишғоли гурӯҳи террористии Бокуҳаром дар соли 2014 ин аввалин бор аст, ки чунин ҳодисаи террористӣ дар ин шаҳр рух медиҳад.