Ҳадияи Башор Асад ба Путин чи буд?+акс
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25739-Ҳадияи_Башор_Асад_ба_Путин_чи_буд_акс
Раисҷумҳури Русия зимни дидоре, ки бо ҳамтои сурии худ дар шаҳри Сочии Русия дошт, ҳадияи арзандае аз ӯ дарёфт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 22, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳадияи Башор Асад ба Путин чи буд?+акс

Раисҷумҳури Русия зимни дидоре, ки бо ҳамтои сурии худ дар шаҳри Сочии Русия дошт, ҳадияи арзандае аз ӯ дарёфт кард.

Башор Асад сешанбе дар шаҳри Сочии Русия бо Владимир Путин дидор кард ва як расми нафисро ба расми ёдбуд ба ҳамтои руси худ ҳадия дод .

Дмитрий Песков, сухангуи расмии Кохи Кремлин дар посух ба хабарнигорон роҷеъ ба ҷузъиёти ин ҳадия гуфт: “На! Ман наметавонам дар бораи ин расми ёдбуд чизе бигуям, ин як ҳадия аз Башор Асад аст”.

Гуфтанист, Башор Асад бобати ҳимояти Путин аз Сурия дар раванди нобудии террористҳои ДИИШ аз ӯ ташаккур кард ва Путин низ ба хотири шикасти ин гурӯҳаки террористӣ дар Сурия ба Башор Асад табрик гуфт .

Саҳифаи расмии Кремлин тасвири зерро аз ин ҳадия мунташир кардааст .

Image Caption