Август 18, 2016 16:05 Asia/Dushanbe
  • Эрону Туркия ҷиҳати ҳалли буҳрони Сурия дар сафи аввал ҳастанд

Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия бо ишора ба талошҳои Эрон барои ҳалли буҳрони Сурия гуфт, бисёр табиист, ки Эрон ҳамроҳи Туркия дар ростои ҳалли масъалаи Сурия дар сафи аввал қарор мегирад.

 

Беналӣ Йилдирим дар суҳбат бо Телевизиони давлатии Туркия бо таъкид бар ин ки Эрон аз ҳамон аввал барои ҳалли буҳрони Сурия кӯшиш кардааст, афзуд: «Русия ва Амрико низ бояд дар ин мавзӯъ кӯмак кунанд». Нахуствазири Туркия гуфт, Эрон, Туркия, Русия ва Амрико бояд ба таври муассир барои ҳалли масъалаи Сурия ва ҷилавгирӣ аз дарду ранҷи бештари мардуми минтақа гомҳои муассир бардоранд. Йилдирим таъкид кард, буҳрони Сурия дигар ба масъалаи минтақаию байналмилалӣ табдил шудааст ва набояд дар мавзӯи Сурия дунболи ҳисобҳои дигаре буд, ки бисёр хато хоҳад шуд.

Изҳороти ахири Беналӣ Йилдирим дар маҳофили сиёсии Туркия ба унвони ҳамкориҳои ҷиддӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳал барои буҳрони Сурия арзёбӣ гашта, гуфта мешавад, Анкара, ки то кунун рафтани Башор Асадро аз раъси қудрат шарти аввали ҳалли буҳрон медонист, аз ин пешшарти худ мунсариф шуда, ба сиёсати амалгароёна рӯй овардааст.

 

Барчасп