Таъкиди дубораи Амано бар пойбандии Эрон ба БАРҶОМ
Ноябр 24, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
Мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ пойбандии комили Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ бори дигар мавриди таъкиду таъйид қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Юкия Амано дар нишасти ҳайати мудирияи ин ожонс дар Женева бори дигар таъкид кард, Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) пойбанд будааст. Амано бо баёни ин ки ожонс ба ростиозмоӣ дар Эрон идома медиҳад, афзуд, ОБЭА ба ҳар макони мавриди ниёз дар Эрон дастрасӣ дорад ва метавонад аз он боздид кунад.
Ин нуҳумин гузориши ожонс дар бораи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аст, ки ҳамагӣ ба таври расмӣ пойбандии комили Эронро ба ин тавофуқи байналамилалӣ таъйид мекунанд.
Барчасп