Август 18, 2016 17:30 Asia/Dushanbe
  • Чаро Русия аз пойгоҳи ҳавоии

Як сойти русӣ навиштааст, иллати аслии интиқоли парвозҳои зиддитеррористии ҷангандаҳои русӣ ба пойгоҳи "Нужа"- и Ҳамадон махфӣ кардани замони ҳамалоти ҳавоӣ ба террористҳо аз чашми ҷосусон будааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", як рӯзномаи электронии Русия навиштааст, иллати аслии истифодаи бамбфаканҳои русӣ аз пойгоҳи "Нужа" дар Ҳамадон талоши Маскав барои махфӣ кардани замони ҳамалоти ҳавоӣ ба террористҳо аз чашми ҷосусони ҳозир дар атрофи пойгоҳи "Ҳамим"-и  Лозиқия будааст.

Ин сойт, ки аз манобеи наздик ба мақомоти ҳоким бар Русия ба шумор мерафтааст, ба иттилои "ал-Олам", навиштааст, дар соли гузашта ҳам ҷангандаҳои русӣ дар роҳи расидан ба Сурия барои гирифтани сӯзишворӣ дар ин пойгоҳ фуруд меомаданд. Ба навиштаи манбаъ, далели дигари истифода аз пойгоҳи Ҳамадон масрафи сӯзишвории камтар ва имкони боргирии бештари бомбу мӯшак барои ҳавопаймоҳост ва парвози ҷангандаҳои русӣ аз Ҳамадон мувафаққияти онҳоро дар ҳамла ба террористҳо то 60 дарсади афзоиш медодааст.

Манбаъ менависад, хусусиятҳои табиие монанди кӯҳҳои баланди мавҷуд дар атрофи Теҳрону Ҳамадон аз дигар авомилест, ки истиқрор дар Эрон ва оғози амалиёт аз ин кишварро дар муқоиса бо Ироқу Туркия бисёри сирритару амнтар кардааст.

 

Барчасп