Идомаи муборизаи Ҳукумати Туркия бо пайравони Гулен
(last modified Thu, 18 Aug 2016 13:33:23 GMT )
Август 18, 2016 18:33 Asia/Dushanbe
  • Идомаи муборизаи Ҳукумати Туркия бо пайравони Гулен

Дар ҳоле ки беш аз як моҳ аз табаддулоти нофарҷоми Туркия мегузарад, бархӯрди Ҳукумати Туркия бо ҳаводорони Фатҳуллоҳ Гулен идома дорад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва симо, манобеи хабарӣ аз мусодираи комили амволу дороиҳои 187 тоҷири Туркия, ки гуфта мешавад, бо Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари Ҷунбиши "Ҳизмет" робита доштаанд, хабар додаанд. Бар асоси ин гузориш, додситонони Туркия имрӯз ҳукми боздошти 187 тоҷири гумонбар ба ҳамкорӣ бо бархе аз гурӯҳҳои муртабит ба ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гуленро содир карданд, ки ба ҳимояти молии ин ҷунбиш муттаҳам ҳастанд.

Амалиёти нерӯҳои пулиси Туркия имрӯз дар 100 минтақа ва 18 вилояти ин кишвар анҷом шудааст. Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Туркия гуфтааст, беш аз 40 ҳазор нафар дар пайи табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар ин кишвар дастгир ва 79 900 корманди давлат ихроҷ шудаанд. Ӯ дар гуфтугӯ бо Телевизиони давлатии Туркия афзуд, дар шаби табаддулоти нофарҷом то бомдод 240 нафар аз шаҳрвандон, нерӯҳои амниятӣ ва низомии Туркия, 36 тан аз шӯришиён кушта ва беш аз 40 ҳазор нафар дастгир шуданд.  Беналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия ҳамчунин гуфт, дар тарҳи поксозии пайравони гурӯҳи террористии Гулен афзун бар чаҳор ҳазор муассиса ширкат, ниҳоди маданӣ, донишгоҳ, бемористон, мактаб, шабакаи радиоию телевизиюнӣ, рӯзнома ва маҷалла низ таътил шудааст.