Ноябр 26, 2017 15:01 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди таниш миёни Амрико ва Покистон

Амрико дар идомаи сиёсатҳои ҷадиди худ зидди Покистон, бори дигар ин кишварро бо иддаои ҳимоят аз терроризм таҳти фишор қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, Кохи Сафед озодии Ҳофиз Саид, гумонбари покистонии муттаҳам ба даст доштан дар ҳамалоти соли 2008 дар Мумбаиро маҳкум кард.

Кохи Сафед ҳамчунин ҳушдор дод, худдории Покистон аз боздошти Ҳофиз Саид ва муҳокима вай, паёмадҳое бар равобити Вашингтон ва Исломобод хоҳад дошт.

Додгоҳи Покистон истидлоли мақомоти давлатии ин кишвар бино бар ин, ки озодии Ҳофиз Саид ме‎тавонад амнияти умумии Покистонро ба хатар биндозад, рад ва заминаи озодии вай аз ҳабсихонагиро рӯзи чаҳоршанбе фароҳам кард.

Ин ҳукми додгоҳи Покистон боиси ба вуҷуд омадани тирагиҳои дар равобити бо Амрико ва ҳамчунин хашми Ҳинд шуд.

Ҳинд Ҳофиз Саидро ба даст доштан дар ҳамлаи Мумбай, ки тайи он 166 нафар, аз ҷумла теъдоде амрикоӣ кушта шуданд, муттаҳам кардааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико 21 август дар роҳбурди ҷадиди худ дар бораи Покистон ва Афғонистон, Покистонро паноҳгоҳи амн барои террористҳо хонд, ки ин мавзӯъ хашми мақомоти ин кишварро барангехт ва таниш миёни ду кишвар боло гирифт.