Домоди Трамп: Кохи Сафедро тарк намекунам
Домоди раисҷумҳури Амрико ва мушовири аршади Кохи Сафед гуфт, қасди тарки Вашингтон Ди Сиро надорад ва омадааст, ки бимонад.
Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва мушовири аршади Кохи Сафед дар мусоҳиба бо Вашингтон Пост гуфт: “Мо инҷо мемонем омадаем, ки бимонем. Мо ба корамон идома медиҳем”.
Расонаҳои амрикоӣ чанд рӯз пеш ба нақл аз мақомоти Кохи Сафед гузориш доданд, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба иллати мушовираҳои сиёсии нокоромади домодаш аз вай ва Иванка духтараш хостааст, бо тарки Кохи Сафед ба хонаи худ дар Ню-Йорк бираванд .
Кушнер ва Иванка Трамп аз муҳимтарин чеҳраҳои муртабит бо парвандаи табонии интихоботии наздикони Трамп бо Русия ҳастанд .
Гуфта мешавад, Кушнер дар рақобатҳои интихоботӣ, дидоре бо як вакили рус барои дарёфти иттилооте мухарриб дар бораи Ҳилларӣ Клинтон, рақиби интихоботии Трамп доштааст .