Ноябр 27, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии Доналд Трамп ба унвони намоди исломҳаросӣ

Комиссияи ҳуқуқи башари исломи Англия дар Лондон якшанбе шаб бо баргузории маросиме, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро намоди исломҳаросӣ дар соли 2017 муаррифӣ кард.

Комиссияи ҳуқуқи башари исломи Англия дар Лондон ҳар сол дар маросиме афродеро, ки ба далели изҳороти нафратфиканона ва таассубомезашон бештарин нақшро дар густариши исломҳаросӣ доранд, муаррифӣ мекунад.

Соли гузашта низ Комиссияи ҳуқуқи башари исломии Англия дар Лондон Доналд Трампро, ки дар он замон номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико буд, сиёсатмадори зидди ислом муаррифӣ кард.

Доналд Трамп пас аз пирӯзӣ дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико фармонеро содир кард, ки бар асоси он, вуруди атбои шаш кишвари умдатан мусулмон ба хоки Амрико манъ шуд, ки ин масъала бо интиқоди мусулмонон, сиёсатмадорон ва ниҳодҳои байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол ҳазорон нафар аз мусулмонон, фаъолони маданӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар Лондон алайҳи фармони Доналд Трамп тазоҳурот кардаанд ва манъи вуруди Трампро ба Британия хосторанд.

Раисҷумҳури Амрико қарор аст, бар асоси барномаи эъломшуда ва дар паи даъвати Тереса Мей, нахуствазири Англия аз ӯ, соли оянда ба ин кишвар сафар кунад.

 

Барчасп