Ноябр 28, 2017 14:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Созмони тарвиҷи забони миллии Покистон бар ёдгирии забони форсӣ

Раиси Созмони тарвиҷи забони миллии Покистон бар зарурати форсиомӯзии мардуми ин кишвар таъкид кард.

Ифтихор Ҳусайни Ориф гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти фаровону дӯстии байни мардуми Эрону Покистон, омӯзиши забони форсӣ барои мардуми Покистон зарурӣ аст.

Вай ҳамчунин аз Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, шоири миллии форсигуи Покистон ба унвони яке аз шоирони бузурги ҷаҳони ислом ёд карду гуфт: Бештари ашъори Иқбол ба забон форсӣ аст ва чунончи мардуми Покистон бихоҳанд, дар бораи ториху тамаддун худ бидонанд, бояд забони форсиро ёд бигиранд.

Бештари осори Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба забони форсӣ суруда шуда ва танҳо се манзума аз ашъори ӯ ба забони урдуст .

Забури аҷам, Ҷовиднома, Асрори худӣ, Рамузи бехудӣ, Армағони Ҳиҷоз ва Паёми машриқ аз ҷумлаи осори манзуми барҷаста Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба забони форсӣ аст .