Ноябр 28, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Пас гирифтани нишони ифтихории шаҳри Оксфорд аз Су Чӣ

Шӯрои шаҳри Оксфорди Англия нишони озодии ин шаҳрро ба иллати худдории Аунг Сан Су Чӣ аз иқдоми муносиб барои ҳалли буҳрони оворагони мусулмони Роҳингия аз у пас мегирад.

Ба иттилои Спутник, дар баёнияе, ки аз ҷониби Мари Кларксон, раиси Шӯрои шаҳри Оксфорд мунташир шуд, омадааст: “Мо маҷбур шудем, тасмими бесобиқае бигирем ва болотарин нишони ифтихори шаҳри Оксфордро, ки пештар Аунг Сан Су Чӣ эҳдо карда будем, ба иллати беэътиноии ӯ ба саркуби ақаллияти мусулмонони Роҳингия дар Мянмар ва талош накардан барои таваққуфи ин раванд, аз вай пас бигирем”.

Су Чӣ, ки пештар барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ низ шудааст, соли 1997 ба иллати пешбурди арзишҳои мавриди назари Оксфорд дар заминаи мудоро ва тасоҳул, нишони ифтихории озодии шаҳри Оксфордро касб карда буд.

Тасмими Шӯрои шаҳри Оксфорд дар бозпас гирифтани ин нишони ифтихорӣ аз Су Чӣ дар ҷаласаи Душанбе шаб ба иттифоқи оро ба тасвиб расид .