Ноябр 28, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои Толибон фармондеҳи худро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ куштанд

Аъзои Толибон дувумин фармондеҳи худро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи такфирии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон куштанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, дафтари матбуотии раиси вилояти Нангарҳор эълом кард, Ходим, машҳур ба Додуллоҳ, яке аз фармондеҳони саршиноси Толибон дар ҳамлаи афроди ниқобдори ин гурӯҳ дар ноҳияи Ғанихели ин вилоят кушта шуд.

Ин дувумин фармондеҳи Толибон аст, ки дар вилояти Нангарҳор ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ кушта мешавад.Ду рӯз пеш низ Мулло Абдушукур, яке аз саркардагони Толибон дар ҳамлаи афроди ин гурӯҳ кушта шуд. Даргириҳо миёни афроди Толибон ва ДИИШ дар вилояти Нангарҳор ҳамчунон идома дорад.