Бозигари машҳур ҷосуси Моссад аз кор даромад
Ноябр 29, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
Натиҷаи бозҷуӣ аз чанд лубнонии муттаҳам ба ҷосусӣ барои режими Исроил мушаххас кард, ки як бозигари исроилии маъруф дар воқеъ ҷосуси Моссад аст.
Ба нақл аз Ҷоми Ҷам Онлайн, рӯзи душанбе чанд синамогари лубнонӣ аз ҷумла Зиёд Аҳмад Айтонӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Моссад боздошт шуданд .
Ҷузъиёте аз Айтонӣ мунташир шуд, ки нишон медод, ин синамогар бо духтаре ба номи Колетт Вианфи дар иртибот буда ва ин духтар ӯро фиреб додааст .
Аммо рӯзи чаҳоршанбе рӯзномаи Аллуво чопи Бейрут дар гузорише муфассал ба абъоди ин ҷосусӣ ва боздоштҳо пардохт ва барои нахустин бор муддаӣ шуд, ки Гол Гадут, бозигари машҳури исроилӣ ҳамон Колетт Вианфист, ки барои Моссад кор мекунад .