Худкушии ҷинояткори ҷангӣ дар ҷаласаи додгоҳи Лоҳа+видео
Фармондеҳи хорватияии ҷанги Босния муттаҳам ба ҷинояти ҷангӣ дар Босния, дар ҷаласаи додгоҳи Лоҳа зарфи пур аз заҳрро сар кашид.
Дар ҷаласаи додгоҳи таҷдиди назари додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ дар Лоҳаи Ҳолланд дар мавриди парвандаи Слободан Праляк, дар ҳоле, ки қозӣ машғули қироати ҳукми таҷдиди назар буд, дурбинҳои видеоӣ саҳнаеро ба тасвир кашиданд, ки Пралякро дар ҳоли сар кашидани моее нишон медод .
Ин ҷинояткор, ки яке аз шаш муттаҳами ҳозир дар додгоҳ буд, дар соли 2013 ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар шарқи Мостар ва дар замони ҷанги Босния ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд .
Ӯ ба ин ҳукм эътироз кард, аммо ҳангоме, ки дар додгоҳи таҷдиди назар шунид, ки ҳукми аввалия тайид шудааст, зарферо, ки аз моее пур буд, бардошту онро дар даҳони худ рехт .
Қозии додгоҳ бо дидани ин саҳна ба кори худ идома дод, аммо пас аз онки Слободан Праляк иддао кард, моее, ки нушида заҳр буд, ҷаласаи додгоҳ ба ҳолати таъвиқ даромад .
Праляки 72 сола ба бемористон мунтақил шуд, аммо бархе манобеъ хабар медиҳанд, ӯ дар бемористон ҷон бохтааст .
Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ дар бораи Югославияи собиқ, рӯзи чаҳоршанбе 22 ноябр низ барои Ратко Младич, фармондеҳи собиқи артиши серби Босния машҳур ба қассоби Балкан, ҳукми ҳабси абад содир карда буд .