Ноябр 30, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар Аврупо

Як созмони пажӯҳишии амрикоӣ аз афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар Аврупо дар даҳаҳои оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, натоиҷи таҳқиқи муассисаи “PEW” нишон медиҳад, то соли 2050, байни 7 то 14 дарсад аз ҷамъияти Аврупоро мусулмонон ташкил хоҳанд, дод дар ҳоле, ки дар соли 2016, ин нисбат 4 дарсад будааст.

Ин таҳқиқ бо дарназар гирифтани таваққуфи комил, идомаи муҳоҷиратҳо бо оҳанги мутавассит ва ниҳоятан афзоиши мизони муҳоҷират, тайи солҳои оянда сурат гирифтааст.

Муассисаи “PEW” ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ҳатто дар сурати таваққуфи муҳоҷиратҳо, ҷамъияти мусулмонони Фаронса афзоиш хоҳанд ёфт, ки ин нишон медиҳад, мусулмонони Фаронса ҳамвора бузургтарин ҷомеаи мусулмони Аврупоро ташкил хоҳанд дод.