Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба донишгоҳе дар Покистон
(last modified Fri, 01 Dec 2017 12:40:00 GMT )
Декабр 01, 2017 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба донишгоҳе дар Покистон

Афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Пешовари Покистон ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, афроди мусаллаҳ бо ҳамла ба ин донишгоҳ иқдом ба тирандозӣ карданд, ки ин ҳамлаи онҳо то кунун нуҳ кушта ва 35 захмӣ бар ҷой гузоштааст. Бо таваҷҷуҳ ба вахим будани ҳоли захмиҳо эҳтимоли афзоиши куштаҳо низ вуҷуд дорад.

Дар даргирии нерӯҳои артиши Покистон бо афроди мусаллаҳ ҳамаи онҳо, ки чаҳор нафар буданд, кушта шуданд.

Хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз пулиси Покистон гузориш дод, ки гурӯҳи Толибон дар Покистон масъулияти ҳамла ба Донишгоҳи кишоварзии Пешоварро бар уҳда гирифт.