Декабр 02, 2017 15:05 Asia/Dushanbe

Баёнияи ҳафтумин Иҷлоси қалби Осиё бо унвони кумак ба ҳалли мушкилоти амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон, асри ҷумъа дар Бокӯ, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон содир шуд.

Дар баёнияи ҳафтумин Иҷлоси қалби Осиё бар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта, ҳалли мушкилоти оворагони ҷангӣ, тақвияти нақши маҷомеи байналмилалӣ дар Афғонистон, ёфтани роҳкорҳои тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва талош барои барқарории сулҳу субот дар минтақа таъкид шудааст .

Одила Роз, муовини ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон пас аз қироати баёния гуфт, ин баёния як санади муҳим барои рафъи чолишҳову таҳдидҳои мавҷуд дар минтақа аст .

Дар поёни ии иҷлос эълом шуд, ки ҳаштумин Иҷлоси қалби Осиё-кумак ба ҳалли мушкилоти амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон, соли оянда дар Туркия баргузор хоҳад шуд.

Ҳафтумин Иҷлоси қалби Осиё бо унвони кумак ба ҳалли мушкилоти амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон ҷумъа ба мизбонии ҷумҳурии Озарбойҷон ва бо ҳузури 250 намоянда аз 40 кишвар аз ҷумла Эрон ва ниҳоди байналмилалӣ дар Боку баргузор шуд .