Декабр 03, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Баррасии гузинаҳо пас аз барканории эҳтимолии Доналд Трамп

Ҷумҳурихоҳон гузинаҳои худро дар сурати барканории раисҷумҳури Амрико ва муовинаш дар назар гирифтаанд.

Ба нақл аз ҳафтаномаи Ниюзвик, пас аз эътирофи Майкл Флинн, мушовири собиқи амнияти миллӣ ба дуруғгуӣ, дар сурате, ки раисҷумҳури Амрико ва муовини вай Майк Пенс аз Кохи Сафед ихроҷ шаванд, Пал Райан, раиси феълии Маҷлиси намояндагон раисҷумҳури ин кишвар хоҳад буд .

Майкл Флинн, дар бораи иртиботи худ бо аносури хориҷӣ (рус) дар ҷарёни интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 Амрико эътироф кардааст .

Гуфта мешавад, Флинн, ки дар таҳқиқоти Раберт Мулер, бозраси вижаи иттиҳоми дахолати Русия дар интихоботи Амрико, нақше муҳим ифо мекунад, пазируфтааст, дар изои ҳусули тавофуқе барои коҳиши шиддати маҳкумияташ эътироф кунад .

Расонаҳои амрикоӣ гузориш медиҳанд, Флинн шаҳодат хоҳад дод, Трамп ба вай дастур додааст, бо мақомоти рус таии рақобатҳои интихоботии соли 2016 иртибот барқарор кунад .

Дар сурате, ки сиҳҳати ин масъала мушаххас шавад, Трамп ниҳоятан маҳкум ва ё истизоҳ хоҳад шуд .

Додситонҳои федерал эълом карданд, як мақоми баландпояи давлати Амрико ба Флинн дастур додааст, бо Сергей Кисляк, сафири вақти Русия дар Вашингтон музокира кунад, ки ин фард Майк Пенс будааст .