Декабр 03, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар маркази иёлоти Нангарҳори Афғонистон

Инфиҷори бомб дар маркази иёлоти Нангарҳори шарқи Афғонистон, 5 кушта барҷой гузошт.

Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи устондори Нангарҳор гуфт, ин бомб, ки зуҳри имрӯз дар як мотосикл ҷосозӣ шуда буд, дар наздикии стадиони варзишии шаҳри Ҷалолободи маркази устони Нангарҳор мунфаҷир шуд.

Ин бомб ҳангоме мунфаҷир шуд, ки дар чанд сад метрии он гирдиҳамоии бузурге дар ҳимоят аз Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ва мухолифат бо гирдиҳамоии мухолифони давлати Кобул дар Қандаҳор баргузор шуда буд. Токунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст .

Чаҳор рӯзи пеш ҳам бар асари инфиҷорҳои мутааддид наздики сохтмони шабакаи телевизиони хусусии Инъикос дар шаҳри Ҷалолобод, чаҳор тан аз нерӯҳои амниятии афғон кушта шуданд. ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро ба уҳда гирифт .