Эҳтимоли қатъи равобити дипломатии Туркия бо режими саҳюнистӣ
(last modified Tue, 05 Dec 2017 14:16:18 GMT )
Декабр 05, 2017 19:16 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли қатъи равобити дипломатии Туркия бо режими саҳюнистӣ

Раисҷумҳури Туркия гуфт, ба расмият шинохта шудани Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ метавонад ба қатъи равобити дипломатии Анкара ва Телавив мунҷар шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон хитоб ба Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, масъалаи Қудс хати қирмиз барои мусалмонон аст ва талоши ӯ барои интиқоли сафорати Амрико ба ин макон мӯҷиби хашми ҳама мусалмонон хоҳад шуд. Эрдуғон афзуд, моҳияти ин мавзӯъ ҳассос буда ва дар сурати ба расмият шинохта шудани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ аз сӯйи Амрико Туркия хостори баргузории иҷлоси фавқулоддаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбул хоҳад шуд.

Эрдуғон ҳамчунин бо интиқоди дубора аз ирсоли силоҳҳои амрикоӣ барои гурӯҳҳои мусаллаҳи курди сурӣ гуфт: “Мо ба Амрико иҷоза намедиҳем, як давлати террористӣ дар наздикии марзҳои мо эҷод кунад”.