Декабр 07, 2017 07:10 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷанг бо мусулмонон - Трамп Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ эълом кард

Раиси ҷумҳурии Амрико бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият мешиносад.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Доналд Трамп аз вазорати хориҷаи Амрико низ хост то муқаддамоти интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.

Кунгураи Амрико, 23 октябри 1995 тарҳи интиқоли сафорати Амрико ба Қудсро тасвиб карда буд.

Давлатҳои мухталифи Амрико аз он замон то кунун аз бими вокуниши афкори умумӣ, аз иҷрои ин мусаввабаи кунгура имтиноъ карда буданд.

Пешқадам шудани Трамп дар ин замина, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи вижаи вай ба режими Исроил дар сояи ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои рӯзафзуни ин режим аст.

Шаҳри муқаддаси Қудс аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.

Мақомоти кишварҳои мухталиф, Иттиҳодия Аврупо, гурӯҳҳо, созмонҳо ва мардуми Фаластин дар рӯзҳои охир ба Трамп дар хусуси паёмадҳои тасмимаш барои эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ҳушдор дода буданд.