Декабр 07, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти изтирории Шӯрои амният дар бораи Қудс

Шӯрои амнияти Созмони милал рӯзи ҷумъа барои баррасии тасмими Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ба расмият шинохтани шаҳри Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад. 

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин нишасти изтирорӣ бино ба дархости ҳашт кишвари узви Шӯрои амният, шомили Боливия, Миср, Фаронса, Италия, Сенегал, Шветсия, Бритониё ва Уругвай баргузор мешавад.

Дафтари намояндагии Шветсия дар Созмони милал эълом кард, ин ҳашт кишвар аз Япония хостаанд, то Антониё Гуттереш дабири кулли Созмони милалро ба Шӯрои амният даъват кунад, то вай гузорише дар ин бора ироа кунад.

Япония раиси давраии Шӯрои амният дар моҳи ҷорӣ (декабр) аст.

Раиси ҷумҳурии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад.

Гуттереш иқдоми Трамп дар ба расмият шинохтан Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум ва онро ғайрсозанда хонд.

Шаҳри Қудс, ки Масҷидулақсо, нахустини қиблаи мусулмононро дар худ ҷой додааст, бахши ҷудонашавандаи Фаластин ва яке аз муҳимтарин маконҳои сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор меояд.

Байтулмуқаддас аз назари қатъномаҳои Созмони милал сарзамини ишғолшуда маҳсуб мешавад ва иқдоми Амрико дар ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ аст.

Байтулмуқаддас аз соли 1967 дар ишғоли Исроил аст.

 

Барчасп