Декабр 09, 2017 13:09 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал бо мавзуи Қудс

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид барои баррасии тасмими раисҷумҳури Амрико дар шиносоии Қудс ба унвони пойтахти режими Исроил, баргузор шуд.

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳиди рӯзи ҷумъа ба дархости беш аз ниме аз аъзои шӯро бо мавзуи “Вазъи Ховари Миёна аз ҷумла Қудс” ташкили ҷаласа дод .

Дар ибтидои ин ҷаласа, Николай Меладинов, ҳамоҳангкунандаи Созмони милали муттаҳид дар раванди сулҳи Ховари Миёна тасреҳ кард: Тасмими Трамп метавонад ба шаклгирии занҷирае хатарнок аз иқдомоти якҷониба ва афзоиши хушунат дар минтақа мунҷар шавад .

Дар ин ҷаласа, намояндагони кишварҳои Шветсия, Миср, Италия, Уругуай, Сенегал, Боливия, Этиупия, Қазоқистон, Украина, Русия, Чин, Ҷопон, Фаластин ва Урдун дар суханоне, тасмими ғайриқонунии Амрикоро барои ба расмият шинохтани Қудс ба пойтахтии режими Исроил маҳкум карданд .

Дар поёни ин нишаст ҳам намояндагони Фаронса, Олмон, Шветсия, Англия ва Италия дар иқдоме бесобиқа дар баёнияе муштарак тасмими Амрико дар бораи Қудсро  хилофи қатъномаҳои Шӯрои амният ва ғайримуфид тавсиф карданд .

Раисҷумҳури Амрико чаҳоршанбе шаб бо вуҷуди мухолифатҳои густардаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Амрико Қудсро  ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият мешиносад ва сафорати худро ба ин шаҳр мунтақил мекунад .