Ихроҷи муҷрии шабакаи “MBC” дар пайи интиқод аз подшоҳи Арабистон
Муҷрии шабакаи “MBC” ба иллати интиқод аз инфиоли подшоҳи Арабистон дар бораи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс, ихроҷ шуд.
Ба гузориши “Ал Олам”, Ало Ал Форс, муҷрии урдунии шабакаи моҳвораии «MBC»-и Арабистон, дар “твитт”-е бо ишора ба сафари моҳи майи Доналд Трамп, раисиҷумҳур Амрико ба Риёз, навишт, вай тасмими интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудсро пас аз сафар ба кишварҳои арабӣ ва низ пас аз он ки яқин ҳосил кард, аъроб ин тасмимро имшаб маҳкум ва фардо аз он тамҷид мекунанд, иттихоз кард.
Ӯ пас аз навиштани ин “твитт” ҷанҷоле, аз сӯи саудиҳо ба иҳонат ба Арабистон ва тамасхури подшоҳи ин кишвар дар бораи Қудс, муттаҳам ва аз кор ихроҷ шуд.
Пас аз эъломи рӯзи чаҳоршанбеи Трамп дар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, мардуми бисёре аз кишварҳои исломӣ бо баргузории тазоҳуроти густурда , ин иқдоми вайро маҳкум карданд.