Декабр 09, 2017 19:06 Asia/Dushanbe
  • Маҷлиси Афғонистон тасмими раисиҷумҳури Амрикоро маҳкум кард

Маҷлиси намояндагони Афғонистон тасмими Трамп, дар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро маҳкум кард.

Маҷлиси намояндагони Афғонистон имрӯз бо интишори баёнияе, иқдоми Амрикоро дар ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил, тавҳин ба тамоми мусулмонони ҷаҳон донист.

Бар асоси ин баёния, ин тасмими раисиҷумҳури Амрико эҳсосоти беш аз ду миллиард мусулмони ҷаҳонро ҷариҳадор (хадшадор) кардааст.

Ба гуфтаи намояндагони Маҷлиси Афғонистон, Созмони Милал бояд монеи амалӣ шудани ин тасмими Трамп шавад.

Сарвар Усмонӣ, намояндаи мардуми Фароҳ гуфт, ҳамаи мусулмонони ҷаҳон акнун дар баробари тасмими Амрико истодаанд.

Мулло Тарахайл Муҳаммадӣ, намояндаи мардуми Кобул, хотирнишон кард, Байтулмуқаддас қиблаи нахусти мусулмонони ҷаҳон аст ва ин иқдоми Амрико, ғайриинсонӣ ва хилофи усули байналмилвлӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дирӯз низ шаҳрҳои Кобул, Бомиён, Ҳирот ва Панҷшер саҳнаи тазоҳуроти зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнистӣ дар эътироз ба ин тасмими Трамп буд.