Декабр 10, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба иддаои зидди русии ҷадиди Амрико

Муовини вазири умури хориҷаи Русия ба иддаои Амрико дар бораи нақзи Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурди соли 1987 посух дод.

Ба гузориши хабаргузории “Райтерс”, Сергей Рябков гуфт, Русия ҳамвора ба Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд, пойбанд буда ва омодааст ҳамчунон пойбанд бимонад.

Рябков афзуд, иддаоҳои Амрико бино бар ин ки Русия Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурдро нақз карда, бепоя ва асос аст.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия дар айни ҳол таъкид кард, агар тарафи дигари имзокунандаи ин паймон яъне Амрико, ба иҷрои он паймон поён диҳад, Русия низ маҷбӯр хоҳад буд вокуниши мушобеҳ нишон диҳад.

Вашингтон ба тозагӣ бо муттаҳам кардани Маскав ба нақзи Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд, таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия вазъ кардааст.

Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд дар соли 1987, дар заминаи маҳви мушакҳои ҳастаии миёнбурд, кӯтоҳбурд ва дар сафари Михаил Горбачев, раҳбари вақти Шӯравӣ ба Вашингтон имзо шуд.