Декабр 10, 2017 20:57 Asia/Dushanbe
  • Амрико бозандаи ҷанги эҳтимолӣ бо Русия ва Чин

Тозатарин таҳқиқоти муассисаи Ранд нишон медиҳад, дар сурати вуқуи ҷангу даргирии низомӣ, Амрико мутаҳаммили хисороти шадиде дар муқобили Русияву Чин хоҳад шуд.

Муассисаи таҳқиқотии Ранди Амрико эълом кард: Бо таваҷҷуҳ ба таҳдиди ношӣ аз тақобули Вашингтон бо Маскаву Пекин, Амрико мутаҳаммили хисороти бузурге хоҳад шуд ва дар ниҳоят дар муқобили Русияу Чин шикаст хоҳад хурд .

Муассисаи Ранд афзуд: Заъфи билқувваи Вазорати дифои Амрико дар тамаркуз бар стандартҳои марбут ба ду ҷанги минтақаии ҳамзамон муҷиб шудааст, то артиши Амрико дар шароити кунунӣ фақат зарфияту тавоноии даргир шудани ҳамзамон дар ду ҷанги кӯчакро дошта бошад .

Ин таҳқиқ равшан карда, бо инки ҳазинаҳои низомии Амрико бисёр бештар аз Чину Русия аст, вале дар сурати вуқуи ҷанг бо ин ду кишвар, бозандаи ниҳоӣ Амрико хоҳад буд .

Муассисаи Ранд меафзояд, тамаркузи Амрико бар стандарти ҷангҳои минтақаӣ муҷиб шудааст, то ин воқеиятро нодида бигирад, ки манофеи миллии ин кишвари бештар бо Русияву Чин чолиш дорад на кишварҳои кӯчак .

 

Барчасп