Декабр 11, 2017 15:06 Asia/Dushanbe
  • Эътиёди аҷиби раисиҷумҳури Амрико

Бар асоси гузорише, ки ба тозагӣ мунташир шуда, Трамп рӯзона дастикам чаҳор соат ва ҳатто то ҳашт соат телевизион тамошо мекунад.

Ба гузориши рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс”, ба нақл аз атрофиёни Доналд Трамп гузориш дод, ӯ рӯзи худро аз ҳудуди соат 5:30 субҳ ва бо тамошои шабака “CNN” шурӯъ мекунад ва дар тӯли рӯз низ ба тамошои барномаҳои шабакаи “Фокс нюз” ва гоҳе низ шабакаи “MSNBC” машғул аст.

Ин рӯзнома ҳамчунин гузориш карда, танҳо касоне, ки иҷозаи даст задан ба контроли телевизиони Кохи Сафедро доранд, Трамп ва кормандони пуштибони фаннии Кохи Сафед ҳастанд.

Трамп моҳи гузашта дар сафари худ ба Осиё ин иддаоро, ки зиёд телевизион нигоҳ мекунад рад карда ва ба хабарнигорон гуфта буд, зиёд телевизион тамошо намекунад, зеро даргири хондани аснод ва корҳои идорӣ аст.

Бо вуҷуди таъкиди Трамп бар ин, ки замони бисёр андаке барои тамошои телевизион дорад бо ин ҳол ӯ, аксар билофосила пас аз пахши барномаҳои “Фокс нюз” ва “CNN”, твиттҳое дар бораи онҳо менависад.